- қавл
- I[قول]а1. гуфтор, сухан, калом; аз қавли… аз гапи…, аз сухани…; аз рӯи қавли… // назар ба қавли… мувофиқи гапи…, тибқи гуфтаи…; ба қавли… бино ба гуфтаи…, ба гуфти…, аз рӯи гапи… тавре ки мегӯя(н)д2. фикр, ақида3. аҳд, паймон, мисоқ; ваъда; қавлу қарор а) аҳду паймон барои иҷрои коре; гуфтугузор; б) аҳд ва пойдорӣ ба аҳд; қавл гирифтан (аз касе) паймон гирифтан, аҳд гирифтан аз касе; қавл додан ваъда додан, иҷрои кореро ба ӯҳда гирифтан; қавл надоштан дар қавли худ вафодорӣ накардан, ваъдахилоф будан; аз қавли худ (бар) гаштан аз рӯи гуфтаи худ амал накардан; аҳди худро шикастан; аз фикру раъйи худ баргаштан; ба қавли худ вафо кардан ваъдаи худро ба ҷо овардан◊ ба қавле чӣ тавре ки мегӯянд, ба истиллоҳ; гӯё ки; қавли касе якто будан гапи касе як будан сухан (ваъда ё аҳд)-и худро дигар накарданII[قول]а. кит. тарона; тасниф; лаҳне дар мусиқӣ
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.